Таҳлил — ташкилоти ҷамъиятӣ

Бойгонии эълонҳо

Ин саҳифа эълони қабл аз баргузории чорабиниро барои бойгонӣ нигоҳ медорад. Мизи гирд 21 октябри соли 2026 баргузор гардид. Маълумот дар бораи натиҷаҳои он дар хабари ҷамъбастӣ дастрас аст.

Хабари ҷамъбастиро хонед →
← Ба маҷалла

Бойгонии эълонҳо · 21.10.2026

Мизи гирди ҷамъбастӣ оид ба пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ

Ташкилоти ҷамъиятии «Таҳлил» дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузории мизи гирди ҷамъбастиро ба нақша гирифтааст. Чорабинӣ ба натиҷаҳои маъракаи иттилоотию маърифатӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида мешавад.

Душанбе · меҳмонхонаи «Румӣ»21 октябри соли 2026
09:00–12:00 · Бо вақти ДушанбеСабти номи иштирокчиён аз соати 08:30 оғоз мешавадЛоиҳаи барнома
Тасвири мизи гирди дарпешистода бо истифода аз зеҳни сунъӣ таҳия шудааст.
Тасвири мизи гирди дарпешистода бо истифода аз зеҳни сунъӣ таҳия шудааст.

Дар бораи мизи гирд

Иштирокчиёни мизи гирд натиҷаҳои маъракаро баррасӣ намуда, оид ба таҷрибаи кор бо ҷомеаҳои маҳаллӣ табодули афкор хоҳанд кард. Ҳамчунин, онҳо ҷиҳати пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ тавсияҳои амалӣ таҳия хоҳанд намуд.

Лоиҳаи барнома

Барнома пешакӣ буда, ба ҷадвали баргузорӣ ва ҳайати маърӯзачиён тағйирот ворид шуданаш мумкин аст.

  1. Сабти номи иштирокчиён
  2. Ифтитоҳи мизи гирд ва суханони хайрамақдамНамояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе; директори ТҶ «Таҳлил»
  3. Натиҷаҳои асосии маърака ва омилҳои ифротишавӣ дар сатҳи маҳаллӣҲамоҳангсози лоиҳаи ТҶ «Таҳлил»
  4. Саводи расонаӣ ва шинохти иттилооти гумроҳкунандаКоршинос
  5. Нақши ҷомеаҳои маҳаллӣ дар пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣКоршинос
  6. Танаффус барои қаҳва
  7. Табодули афкор ва саволу ҷавобУсулҳои самарабахш, масъалаҳои ҳалношуда, ҷалби ҷавонону занон ва дурнамои ҳамкорӣ. Барандаи муҳокима — ҳамоҳангсози лоиҳа.
  8. Ҷамъбасти муҳокима ва таҳияи тавсияҳо
  9. Сухани хотимавӣ ва анҷоми мизи гирдНамояндаи ТҶ «Таҳлил»
  10. Хӯроки нисфирӯзӣ