Таҳлил — ташкилоти ҷамъиятӣ

Натиҷаҳои маърака · 2026

Маърака дар 13 шаҳру ноҳия ба анҷом расид

Душанбе · меҳмонхонаи «Румӣ»

Натиҷаҳо ва аксҳо →
Иштирокчиёни мизи гирди ҷамъбастӣ, Душанбе, 21 октябри соли 2026
Иштирокчиёни мизи гирди ҷамъбастӣ, Душанбе, 21 октябри соли 2026
← Ба лоиҳаҳоСАҲА / 2026

САҲА · Маъракаи иттилоотии соли 2026

Вазифа

Шарҳи масъалаҳои пешгирӣ бо забони фаҳмо ва бо дарназардошти хусусиятҳои маҳаллӣ.

Саҳми «Таҳлил»

Баргузории вохӯриҳои иттилоотӣ, намоишҳои театрӣ ва муҳокимаҳо бо тамошобинон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

Натиҷа

13 вохӯрии иттилоотӣ ва 13 намоиши намоишномаи «Бозгашт» баргузор гардид. Натиҷаҳо 21 октябри соли 2026 дар Душанбе ҷамъбаст шуданд.

Маъракаи иттилоотӣ ҷиҳати дастгирии татбиқи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040

Фаъолияти «Таҳлил» дар минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вохӯриҳои иттилоотӣ, намоишҳои театрӣ ва муколама бо ҷомеаҳои маҳаллиро фаро мегирад.

Вазъи иҷро
Маърака ба анҷом расид
Шарики лоиҳа
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
Муҳлати иҷро
Май — октябри соли 2026
Ҷуғрофиёи фаъолият
13 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла минтақаи Рашт

Стратегия барои давраи то соли 2040 ва нақшаи амалисозии он барои солҳои 2026–2030 қабул шудаанд. Фаъолияти маърака моҳҳои май — октябри соли 2026 амалӣ гардид. Қарори № 73 аз 26.02.2026

Се шакли ба ҳам алоқаманди фаъолият

01

Вохӯриҳои иттилоотӣ

Шинохти усулҳои таъсиррасонии фиребанда, санҷиши саҳеҳии маълумот ва рушди тафаккури интиқодӣ.

02

Намоишҳои театрӣ

Истифодаи саҳнаҳои театрӣ барои баррасии масъалаҳои интихоб, масъулият ва дастгирии ҳамдигар.

03

Муколама ва баррасии фикру пешниҳодҳо

Муҳокима бо тамошобинон ва ҷамъоварии фикру пешниҳодҳо оид ба муҳтавои маърака.

НАТИҶАҲО / 21.10.2026

Фаъолият дар маҳалҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ

Маърака дар ду марҳила гузаронида шуд: аз 1 то 10 июл дар ҳашт шаҳру ноҳия ва аз 5 то 9 октябр дар панҷ шаҳру ноҳияи дигар. Аз 1 июл то 19 октябр маводи «Таҳлил» дар Facebook ва Instagram беш аз 2,5 миллион тамошо гирифт. Ин рақам тамошоҳои такрориро низ дар бар гирифта, шумораи шахсони алоҳидаро ифода намекунад.

Натиҷаҳои пурраи маърака

Маводи чандрасонаӣ

Шарҳи коршиносШарҳи коршинос

Шинохти усулҳои ҷалбкунӣ ва таъсиррасонии фиребанда

Шарҳи коршиносӣ оид ба усулҳои ҷалбкунӣ ва зарурати санҷиши саҳеҳии маълумот. Навор ба забони тоҷикӣ пешниҳод шудааст.

Тамошо дар Instagram
Театр ва муколамаТеатр ва муколама

Як занг. Шодии бузург.

Порча аз намоишномаи театрӣ: писар модарашро аз пирӯзӣ дар мусобиқа огоҳ мекунад. Наворро «Таҳлил» нашр кардааст. Забони навор тоҷикӣ аст.

Тамошо дар Instagram

Навор дар саҳифаи ташкилот дар Instagram кушода мешавад.

ҲАМКОРӢ

Имкониятҳои ҳамкорӣ

Барои анҷом додани таҳқиқот, арзёбӣ, баргузории омӯзиш ё фаъолияти иттилоотӣ метавонед бо мо тамос гиред. Лутфан, мақсад ва натиҷаи мавриди интизори худро шарҳ диҳед.

Баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ